МУСОБИҚОТИ ҚАҲРАМОНИИ ТЕННИСИ РӮИ МИЗ АНҶОМ ЁФТ

Ноябрь 28, 2008 14:30

              Душанбе, 28 ноябр. (АМИТ «Ховар»,  Пайрав  Назаров). —  Дар  пойтахти  мамлакат  мусобиқоти  қаҳрамонии  тенниси  рӯи миз  анҷом  ёфт.  Аз  Кумитаи  кор  бо  ҷавонон,  варзиш ва  сайёҳии  назди  ҳукумати  ҷумҳурӣ  ба  АМИТ «Ховар»  хабар  доданд, ки  дар  мусобиқа дастаҳои  варзишгарони  ҳамаи  минтақаҳои  мамлакат  ширкат  варзиданд.           Дар  байни  мардон  намояндаи  вилояти  Хатлон  Инъом  Саидов  ва  дар  байни  занон  намояндаи   гурӯҳи  ноҳияҳои  тобеи  марказ  Екатерина  Ишенко  ғолиб  омаданд. Аз  рӯи  ҳисоби  умумӣ,  дастаи  мардонаи  вилояти  Хатлон ҷои аввал,  варзишгарони  вилояти  Суғд   ҷои  дуюм ва теннисбозони  пойтахт  ҷои  сеюмро   ишғол  намуданд. Дар  байни  дастаҳои  занона  варзишгарони  вилояти  Суғд  дар  ҷои  якум,  варзишгарони   гурӯҳи  ноҳияҳои   тобеи  марказ  дар  ҷои  дуюм  ва  намояндагони  вилояти  Хатлон  дар  ҷои  сеюм  қарор  доранд.

Ноябрь 28, 2008 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд