МУЗДИ КОР БАР АСАРИ БӮҲРОНИ ИҚТИСОДӢ КАМ МЕШАВАД

Ноябрь 28, 2008 10:18

Душанбе, 28 ноябр. (АМИТ «Ховар»,  Наргис  Бояхмедова). –  Коршиносони  Созмони  байналхалқии  меҳнат  пешгӯӣ  мекунанд, ки  соли оянда  дар тамоми  мамлакатҳои  ҷаҳон  маблағи  маош ва  музди кор  дар  натиҷаи  бӯҳрони ҷаҳонии  иқтисодӣ  кам  хоҳад  шуд. Дар  ин  бора  дар  маърӯзаи  нави  Дафтари  байналмилалии  меҳнат  сухан  меравад. Коршиносони Созмони  байналмилалии  меҳнат  дар  асоси  таҳқиқоти  Хазинаи   байналхалқии  асъор  пешгӯӣ  мекунанд, ки  музди  кору  маош  дар  давоми  соли  2009 дар  саросари  ҷаҳон аз  ҳама  зиёдаш  1,1 фоиз  зиёд  гашта  метавонад. Музди кор дар  бисёр  мамлакатҳо,  аз  ҷумла,  мамлакатҳои  тараққикардаи  саноатӣ ва  рӯ  ба  инкишоф  хеле  кам  гардида  метавонад. Дар  маърӯза   зикр  карда  мешавад, ки  фарқи  музди кору  маоши  занон ва мардон  мисли  пештара  хеле  калон  аст. Ин  фарқият  дар  бисёр  мамлакатҳо  то  80  фоизро ташкил  медиҳад.Дар  ин  бора  ба  АМИТ «Ховар» аз  намояндагии  Созмони  байналхалқии меҳнат   дар  шаҳри  Душанбе  хабар  доданд.

Ноябрь 28, 2008 10:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад