НАҚШАИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ КИШТИ ТАКРОРӢ БАРЗИЁД ИҶРО МЕШАВАД ?

Ноябрь 21, 2008 10:30

       Душанбе, 21 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод). — Соли ҷорӣ тибқи нақша дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ истеҳсоли картошка ба 212 ҳазору 931 тонна расонида мешавад, — гуфт сардори Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ Саидмурод Баҳриддинов ба мухбири АМИТ «Ховар».       То 17-уми ноябр истеҳсоли картошка дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба 177 ҳазору 206 тонна расонида шудааст, ки ин ба 83 фоизи дурнамо баробар аст. Ҳосилнокии картошка нисбат ба ҳамин давраи соли 2007 –ум 1,9 сентнер дар 1 гектар зиёд аст.       Ҷамъоварии картошка дар аксарияти хоҷагиҳо ба охир расида бошад ҳам, дар як қатор хоҷагиҳо ҳосили кишти такрории он ҷамъоварӣ нагардидааст. Баробари ҷамъоварии ҳосили кишти такрорӣ нақшаи ҷамъоварӣ пурра ва барзиёд иҷро мешвад.

Ноябрь 21, 2008 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар