НАФАҚАИ ЗИЁДА АЗ 3 ҲАЗОР ПИРОНСОЛ АЗ НАВ ҲИСОБӢ КАРДА ШУД
Душанбе, 25 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод). — Дар ноҳияи Ванҷи вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон роҷеъ ба мӯҳтавои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои тақвият додани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақаҳо ва стипендияҳо» семинар — машварат доир гардид. Семинарро кормандони идора, муассисаҳо ва зиёиёну нафақахӯрон хеле муҳим ва саривақтӣ шумориданд. Аз Шӯъбаи иҷтимоии ноҳия ба иштирокдорони семинар иттилооъ дода шуд, ки дар ноҳия 3 ҳазору 65 нафар пиронсол, маъюб ва бесаробонмондагон дар қайди шӯъбаи таъминоти иҷтимоӣ мебошанд. Мутобиқи фармони мазкур нафақаи ҳамаи нафақахӯрон аз нав ҳисобӣ карда шуд.








Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид






