НАМОИШГОҲИ ЭРОН, РУСИЯ, ТУРКИЯ ВА ЧИН ДАР ДУШАНБЕ

Ноябрь 10, 2008 10:56

           Душанбе, 10  ноябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Имрӯз низ дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» Намоишгоҳи «Агрофуд — 2008» корашро идома медиҳад. Дар кушодашавии намоишгоҳ муовини аввали раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Одил Сангов қайд намуд, ки мақсади асосии гузаронидани ин намоишгоҳ дар ҷумҳурии мо шиносоии соҳибкорони тоҷик бо маҳсулоти соҳибкорони Эрон аст.  Соҳибкорони тоҷик метавонанд аз таҷрибаи соҳибкорони хориҷӣ баҳраманд шаванд ва дар оянда ҳамкориҳои дуҷонибаро густариш диҳанд, — афзуд ӯ.    Дар намоишгоҳ аз ҷониби ширкатҳои «Пищевая индустриальная компания Палуд Порсиён», «Чай Алокозай», «Озин интернейшнл», «Пойдори Сабзе Алборз», ширкати «Неругустарон Хуросон» ва ТОО Ширкати байналмилалии «Синь Бэй» — и Ҷумҳурии Мардумии Чин  мошинҳо ва таҷҳизоти кишоварзӣ, нуриҳои минералӣ, пеститсидҳои кишоварзӣ, маҳсулоти хӯрокворӣ, таҷҳизот ва системаҳои бастабандӣ пешкаши мардуми тоҷик  гардид.          Қобили зикр аст, ки  ғайр аз соҳибкорони Эрон, Русия ва Туркия низ молу маҳсулоти хешро пешкаш намуданд.  Худи ҳамон рӯз вохӯрии доираҳои соҳибкорони Тоҷикистону Эрон баргузор гардид. Бояд қайд намуд, ки намоишгоҳи мазкур бо дастгирии Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати намоишгоҳи рекламавии «Гроу Интернейшнл»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор шуда, то 12 – уми ноябр идома хоҳад ёфт. 

Ноябрь 10, 2008 10:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид