НАМОЯНДАГОНИ БОНКИ ИСЛОМИИ РУШД БА МУОВИНИ ВАЗИР ВАЪДА ДОДАНД

Ноябрь 21, 2008 10:31

       Душанбе, 21 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод). –Дар Вазорати кишоварзӣ муовини вазир Шукрулло Раҳимназаров бо намояндагони Бонки Исломии Рушд дар Тоҷикистон вохӯрд. Дар ин вохӯрӣ нозири минтақавӣ дар Тоҷикистон Ҳикмат Алиев, намояндаи корҳо оид ба паст кардани сатҳи камбизоатӣ Алим Ирфон, намояндаи Департаменти банақшагирии иқтисодиёт дар Тоҷикистон Сулаймон Ариф ва мутахассисони вазорат иштирок намуданд.       Тарафҳо барои ҳалли масъалаҳои мансуб ба рушди соҳаи кишоварзӣ ибрози ақида намуданд. Аз ҷумла, харидани техникаи кишоварзӣ, бо тухмии хушсифат таъмин намудани хоҷагиҳои ҷамъиятию деҳқонӣ, паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ дар ҷумҳурӣ мавриди муҳокима қарор гирифт.        Намояндагони Бонки Исломии Рушд дар Тоҷикистон ба Шукрулло Раҳимназаров иброз доштанд, ки баъди омӯзиши вазъи кишоварзӣ дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Хатлон ва Суғд доир ба кӯмаки молиявӣ ба хоҷагиҳои камбизоати ҷумҳурӣ андешаи худро ба Бонки Исломии Рушд пешниҳод хоҳанд кард.          Дар назар аст, ки Бонки Исломии Рушд барои дастгирии аҳолии камбизоати Тоҷикистон ва пешбурди соҳаи кишоварзӣ маблағҳои қарзӣ медиҳад.

Ноябрь 21, 2008 10:31

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид