НАМОЯНДАИ «ГЕДЕОН РИХТЕР» БА КОНФРОНСИ ИЛМИИ ҶТ БАҲОИ БАЛАНД ДОД
Душанбе, 24 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод). — Дар Донишкадаи такмили ихтисоси баъдидипломии кормандони тиби Тоҷикистон конфронси 14-уми илмӣ — амалӣ баргузор гардид. Конфронсро директори донишкада, профессор Аламхон Аҳмадов ифтитоҳ намуда, аз номи Кумитаи тадорукот, роҳбарият ва кормандони илмӣ ба ҳамаи намояндагони муассисаю ташкилоте, ки дар гузаронидани ин конфронс ҳамкорӣ намудаанд, изҳори миннатдорӣ кард. Ӯ изҳор намуд, ки донишкада дар давоми мавҷудияти худ бештар аз 4000 мутахассисро ба кор омода кард. Дар давоми даҳ моҳи соли ҷорӣ беш аз 400 нафар кормандони соҳа дониши худро такмил доданд. — Мавзӯъҳои конфронси имрӯза ба он мушкилоте бахшида мешаванд, ки моҳияти таълимоти баъдидипломӣ дар соҳаи тандурустӣ, ҷарроҳӣ, бемориҳои илоҷия ва тифлонро дар бар мегиранд, — афзуд профессор. Дар конфронс аз рӯи 63 мавзӯъ баромади олимони соҳа шунида шуд. Ба кори конфронс намоядаи «Гедеон Рихтер» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Ҷумъаева ва намояндаи ширкати «Пейзер корпаратсион» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон профессор С.Шукурова баҳои баланд доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






