НАЗИР ШАРИФОВ РАИСИ ПАЛАТАИ ТИҶОРАТИИ АМРИКО ДАР ТОҶИКИСТОН ИНТИХОБ ШУД
Душанбе, 24 ноябр. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). – Дар Тоҷикистон Палатаи тиҷоратии Амрико расман ба қайд гирифта шуд. Аз Бунёди Евразияи Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» доданд, ки Палатаи мазкур ҳамроҳи тоҷирону соҳибкорони маҳаллӣ ҳамчун воситаи густариши тиҷорат ва ҳамкорӣ бо сармоягузорон ва сохторҳои ҳукуматӣ корҳои муҳимро ба сомон мерасонад. Ҳадафи дигари ташкили палата ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон мебошад. Роҳбари намояндагии созмони «Тетис» дар Тоҷикистон Назир Шарифов раиси Палатаи тиҷоратии Амрико ва Темур Раҳимов мудири иҷроияи он интихоб шуданд. Палатаи тиҷоратии Амрико баъдан ба шабакаи ҷаҳонии тиҷоратии ИМА ҳамроҳ хоҳад гашт, ки бештар аз се миллион корхонаю муассисаро дар бар мегирад.








Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






