НБО « САНГТӮДА — 1» АВВАЛИ СОЛИ 2009 БА ИСТИФОДА ДОДА МЕШАВАД

Ноябрь 26, 2008 17:14

        Душанбе, 26  ноябр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бойахмедова).- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз бо роҳбари маъмурияти Президенти Россия Сергей Наришкин мулоқот кард. С. Наришкин баъди анҷоми мулоқоташ бо Президент зимни сӯҳбати мухтасар бо хабарнигорон изҳор намуд, ки  ҳамроҳи  Сарвари давлат маҷмӯи масъалаҳои марбут ба ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаро муҳокима кардааст. Аз ҷумла  ҳамкорӣ дар соҳаҳои  тиҷорату иқтисод мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Ҳар ду ҷониб мароқи мамлакатҳояшонро ба вусъати тиҷорат изҳор намуданд. Бояд гуфт, ки  ҳаҷми хариду фурӯши мол дар байни Тоҷикистону Россия ҳар сол  аз 30 то 40 фоиз меафзояд.       Дар ҷараёни мулоқот бо Президент ҷараёни  сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии  «Сангтӯда — 1» мавриди баррасӣ қарор дода шуд, ки агрегати сеюми он  ба қарибӣ ба кор дароварда шуд. Роҳбари маъмурияти Президенти Россия изҳор намуд, ки нерӯгоҳи мазкур аввали соли оянда пурра ба истифода дода мешавад.          Ба қавли С. Наришкин, зимни сӯҳбат инчунин масъалаи сохтмони НБО «Роғун» низ муҳокима шуд. Ин масъаларо айни ҳол гурӯҳҳои кории  ҳар ду мамлакат баррасӣ менамоянд.       Ҳамкории мамлакатҳои мо дар соҳаҳои илмӣ ва  гуманитарӣ низ торафт густариш меёбад, —  гуфт С. Наришкин.- Мо  ният дорем, ки соли оянда дар шаҳри Душанбе филиали  Донишгоҳи давлатии Маскавро кушоем. Бо ин мақсад гурӯҳи мутахассисони  Россия ба Душанбе омада буданд. Дар ҷараёни мулоқоти Сардори давлати Тоҷикистон ва роҳбари  маъмурияти Президенти Россия инчунин масъалаҳои ҳамкории  ҳарбию сиёсӣ  ва шартҳои  фаъолияти пойгоҳи низомии 201 — уми Россия дар Тоҷикистон муҳокима карда шуданд.

Ноябрь 26, 2008 17:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад