НИШАСТИ МАТБУОТИИ САФИРИ ЭРОН
Душанбе, 24 ноябр. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Сафири кабири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон Алиасғар Амири Шеърдӯст чанд рӯз пеш зимни нишасти матбуотӣ хабар дод, ки дар ҷараёни сафари қарибулвуқӯи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Эрон масъалаҳои густариши ҳамаҷонибаи ҳамкории ҳар ду кишвар дар соҳаҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор дода мешавад. Ба қавли дипломатии эронӣ, сарони ҳар ду давлат дар Теҳрон аз ҷумла масъалаи сохтмони хати интиқоли барқро тавассути қаламрави Афғонистон муҳокима хоҳанд кард. Инчунин ба масъалаҳои вазъияти минтақавию байналхалқӣ, аз ҷумла роҳу усулҳои бартараф сохтани бӯҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ дахл карда мешавад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






