НИЗОМИ МУЗДИ МЕҲНАТ ВА НАФАҚА БАЛАНД БАРДОШТА МЕШАВАД

Ноябрь 3, 2008 15:31

Душанбе, 3 ноябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Дар Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон семинарӣ машваратӣ дар мавзӯи «Зарурати ислоҳоти низомӣ таъминоти нафақа ва музди меҳнат дар ҷумҳурӣ» доир гардид.Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, семинари мазкур бо ташаббуси Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ ва дастгирии Фонди Фридрих Эберт дар Тоҷикистон гузаронида шуд. Муовини Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоиии аҳолӣ Э. Сангинов баромад намуда, оид ба рафти ислоҳоти системаи нафақа ва музди меҳнат маълумот дод. Аз ҷумла, қайд гардид, ки дар асоси талаботи Консепсияи ислоҳоти музди меҳнат, баланд бардоштани маоши ҳадди ақал ва нафақа ҳар сол то 20 фоиз дар назар дошта шудааст. Оид ба зарурати ислоҳоти музди меҳнат ва нафақа мутахассисони пуртаҷрибаи вазорати мазкур фикру ақидаҳои хешро баён намуданд. Мақсад аз гузаронидани семинар муайян намудани воситаҳои баланд бардоштани сатҳи музди меҳнат, нафақа ва сабади истеъмолии аҳолии кишвар буд. 

Ноябрь 3, 2008 15:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Раиси вилояти Хатлон дар Қазоқистон бо ҳамватанон ва соҳибкорони тоҷик вохӯрӣ намуд
Дар марказҳои таълимии шаҳри Кӯлоб аз рӯи 52 касбу ихтисос мутахассис омода карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат ба муносибати қабули ташаббуси навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
ВАҲДАТИ МО КОХИ ПИРӮЗИИ МОСТ! Мулоҳизаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло
Ҳар як шаҳрванд бояд дарк намояд, ки мубориза бо коррупсия танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест
Дар Бохтар бахшида ба қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ аксияи ҳизбии «Тақдими варақаҳои иттилоотӣ ба сокинон» баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Варзоб Конфренсияи илмӣ-амалии «Ваҳдати миллӣ – шукуфоии Ватан мебошад» баргузор шуд
Дар дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор гардид