НОМУСОИДИИ ОБУ ҲАВО БА ХОҶАГИҲОИ ДЕҲҚОНӢ ТАЪСИР НАКАРД

Ноябрь 21, 2008 10:32

      Душанбе, 21 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод). – Дар Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ҳафтаи гузашта ба номусоидии обу ҳаво нигоҳ накарда, хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) шудгор ва кишти зироатҳои тирамоҳиро давом доданд. Тибқи маълумоти фаврии ин раёсат, соли ҷорӣ дурнамои шудгори тирамоҳии заминҳои ғалладона, картошка ва сабзавот ба 238 ҳазору 800 гектар расонида мешавад.       То 17 – уми ноябри соли ҷорӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 85 ҳазору 311 гектар шудгори тирамоҳии зироатҳо гузаронида шудааст. Кишти тирамоҳии зироатҳои ғалладона бошад, тибқи дурнамо ба 220 ҳазору 500 гектар расонида мешавад. То имрӯз аз ҳисоби 220 ҳазору 500 гектар 115 ҳазору 718 гектараш кишт карда шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 42 ҳазору 307 гектар зиёд аст. 

Ноябрь 21, 2008 10:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид