«НОРМАН» БА КАСАЛИҲОИ ЗАМБУРӮҒӢ ВА ЗАНГИ ЗАРД ТОБ МЕОРАД

Ноябрь 10, 2008 16:33

Душанбе, 10 ноябр. (АМИТ  «Ховар»,  Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфтаи президенти Академияи илмҳои кишоварзӣ Ҳукматулло Аҳмадов, гандуми навъи «Норман» ихтирои олимони Пажӯҳишгоҳи зироаткории Тоҷикистон мебошад.            Ин навъи гандум аз соли 2007 бо тавсияи олимон барои кишт дар ноҳияҳои ҷумҳурӣ мавриди истифода қарор дода шуд. «Норман» гандуми навъи дуфасла мебошад. Давраи нашъунамои он ҳангоми кишти тирамоҳӣ 210-220 рӯзро дар бар мегирад. Ҳосилнокии он дар заминҳои обӣ 68-70 с/га-ро ташкил медиҳад, ба касалиҳои замбурӯғӣ ва занги зард хеле тобовар аст. Нуриҳои фосфорӣ ҳангоми кишти тирамоҳии ин навъи гандум як маротиба ба миқдори 60 кг дар як гектар ва ғизои нитрогенӣ дар ду давра – дар вақти панҷазанӣ ва найчаронӣ аз ҳисоби 100 кг дар 1 га дода мешаванд.

Ноябрь 10, 2008 16:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа