ОБИ ТОЗА НӮШИДАН ХОҲЕД, БА ҲАШАРИ УМУМИШАҲРӢ БАРОЕД!

Ноябрь 11, 2008 16:38

        Душанбе, 11 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 15-уми  ноябри соли 2008 дар канали дереватсионӣ ва ҳавзи танзими шабонарӯзии муассисаи хизматрасони пойтахт ҳашари умумишаҳрӣ гузаронида мешавад. Тибқи иттилои котиби матбуоти Раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов, ин чорбинӣ бо мақсади тезонидани ҷараёни татбиқи лоиҳаи  обтаъминкунии шаҳри Душанбе ва мусоидат ба дастрасии сокинони пойтахт ба оби тоза, ки тавассути шабакаҳои фишорӣ ва худҷории КВД «Обу корези Душанбе» сурат мегирад, гузаронида мешавад. Роҳбарияти шаҳри Душанбе бо қабули ин тасмим сокинони пойтахтро даъват менамояд, ки дар ҳашари умумишаҳрӣ фаъолона иштирок кунанд.

Ноябрь 11, 2008 16:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид