ОЛИМОНИ ТОҶИК БА ОМӮЗГОРОНИ АФҒОН ДАРС МЕГӮЯНД

Ноябрь 19, 2008 16:26

         Душанбе, 19 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – «Ду ҳафта боз гурӯҳи омӯзгорони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон иборат аз 15 нафар дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ курси такмили ихтисос мегузаранд», — қайд карда шуд дар нишасти матбуотии имрӯза, ки дар донишгоҳ доир гардид. Ин иқдом бо дастгирии Бунёди Евразия сурат гирифта, аз рӯи лоиҳаи «Такмили ихтисоси омӯзгорони афғон дар ДДОТ» амал мекунад. Буҷети лоиҳа 38 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад.         Дар нишасти матбуотӣ зикр гардид, ки ба омӯзгорон олимони беҳтарини тоҷик бо тарзу усули нави таълим дарс мегӯянд. Барои беҳтар намудани сифати таълим дар мактабҳо ва боло бурдани савияи дониши муаллимон диққати асосӣ ба методикаи таълим дода мешавад.         Чунин лоиҳа дар Тоҷикисон бори аввал амалӣ мегардад. Аз ин хотир, иштирокчиён изҳори умедворӣ карданд, ки минбаъд барнома инкишоф ёфта, доираи курсҳои такмили ихтисос васеъ мешаванд.  Ҳоло омӯзгорони афғон бо шароити хуби таҳсил ва хобгоҳ таъмин буда, то 2-юми декабр таҳсилро идома хоҳанд дод. 

Ноябрь 19, 2008 16:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид