ОЛМОН БА РУШДИ СОҲАИ КИШОВАРЗИИ ТОҶИКИСТОН ТАВАҶҶӮҲ ДОРАД
Душанбе, 20 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Қосим Қосимов бо сафири Ҷумҳурии Федеролии Олмон дар Тоҷикистон хонум Дорие Хертрампф вохӯрд. Қосим Қосимов дар назди сафир нақши Ҷумҳурии Федеролии Олмонро ҳамчун яке аз давлатҳои мутараққии соҳаи аграрии дунё арзёбӣ намуд. Ҷумҳурии Олмон чун давлати содиркунандаи техника ва технологияи навтарини соҳаи кишоварзӣ дар пешбурди ин соҳа, аз ҷумла соҳаи парандапарварӣ ва чорводории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад саҳми бештаре гузорад. Вазир дар ҷавоби саволҳои сафири Олмон иброз дошт, ки Ҷумҳурии Федеролии Олмон дар такмил додан ва тайёр намудани мутахассисони соҳаи кишоварзии Тоҷикистон саҳми арзанда дорад. Вазир ба Ҳукумати Олмон, мактабҳои олии Вайнштефан ва Бавария барои дастгирии молиявӣ ва ташкили курсҳои такмили ихтисос баҳри баланд бардоштани сатҳи тахассусии мутахассисони ҷавони Вазорати кишоварзии Тоҷикистон арзи сипос намуд. Хонум Дорие Хертрампф дар охири сӯҳбати худ бо вазир изҳор дошт, ки дар соли 2009 Ҷумҳурии Олмон ба соҳаи кишоварзии Тоҷикистон кӯмакҳои молиявии худро бештар хоҳад кард.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






