ОМӮЗИШГОҲҲОИ ҲУНАРӢ УСУЛҲОИ НАВИ КОРРО ПЕШ МЕГИРАНД

Ноябрь 25, 2008 17:00

        Душанбе, 25 ноябр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина).- Имрӯз дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили маҳорати касбии кормандони соҳаи маориф дар мавзӯи «Менеҷмент ва идораи фаъолияти омӯзишгоҳҳои ҳунарӣ» семинар баргузор гардид. Дар он роҳбарони омӯзишгоҳҳои ҳунарии шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои дигари мамлакат ширкат варзиданд.       Дар семинар масъалаҳои марбут ба беҳтар намудани сохтори идораи мактабҳои ҳунаромӯзӣ, тақсими вазифаҳо, масъулияти онҳо дар бобати беҳтар намудани сифати таълим ва муайян намудани вазифаҳои хизматии кормандони омӯзишгоҳҳо муҳокима шуданд. Иштирокчиёни семинар дар бораи ҷиҳатҳои мусбату манфии фаъолияти омӯзишгоҳҳо сухан ронданд. Дар семинар проблемаҳое муайян карда шуданд, ки ба пешрафти кори омӯзишгоҳҳо халал мерасонанд.       Дар ҷараёни семинар роҳу усулҳои тартиб додани нақшаи таълимӣ муайян кардани меъёрҳо ва сифати фаъолияти омӯзишгоҳҳо омӯхта шуданд. Дар фарҷоми семинар ба иштирокчиёни он сертификат дода шуд.

Ноябрь 25, 2008 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд