ОМОДАГӢ БА ҶАЛАСАИ АССАМБЛЕЯИ ИТТИҲОДИ ИҚТИСОДИИ АВРОСИЁ

Ноябрь 13, 2008 11:04

             Душанбе, 13 ноябр. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Масъалаҳои омодагӣ ба ҷаласаи Бюро ва Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди иқтисодии АврОсиё, ки рӯзҳои наздик дар шаҳри Санкт-Петербурги Россия баргузор мешавад, мавзӯи асосии мулоқоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев ва котиби масъули Бюрои Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди иқтисодии Аврупову Осиё Пётр Зверев буд.               Аз палатаи болоии парлумони мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои зарурати таҳкиму густариши робита ва ҳамкории минбаъдаи парлумонҳои кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АврОсиёро махсус баррасӣ кардаанд.              Бояд тазаккур дод, ки раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳамзамон Раиси Ассамблеяи Байнипарлумонии Иттиҳоди иқтисодии АврОсиё мебошад.

Ноябрь 13, 2008 11:04

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид