ОРОСТА: «ҲАДАФ ДАРЁФТИ БЕҲТАРИН ҚИРОАТКУНАНДАГОНИ ҚУРЪОН АСТ»
Душанбе, 14 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Ба ду нафар донишҷӯи Донишкадаи исломии Тоҷикистон муяссар гардид, ки дар озмуни байналмилалии қироати Қуръони шариф, ки дар шаҳри Теҳрон идома дорад, иштирок намоянд. Ин чорабинӣ ҳамасола бо ибтикори Созмони ҷаҳонии Донишгоҳи миллии Теҳрон гузаронида мешавад. Дар қатори намояндагони кишварҳои мусулмонии осиёӣ, инчунин намояндагони кишварҳои ғарбӣ ба монанди Голандия, Австрия, Украина ва Россия низ иштирок менамоянд. Тибқи иттилои масъули бахши матбуоти Сафорати Эрон дар Душанбе Алиризо Ороста, -«ҳадаф аз доир намудани чунин чорабинӣ дарёфти беҳтарин қироткунандагони Қуръони азимушшаън мебошад». Озмун то 17 -уми ноябр идома ёфта, дар он намояндагони 40 давлати ҷаҳон иштирок доранд. Беҳтаринҳо ва ғолибони озмун бо тӯҳфаҳои таъсисдодаи масъулини чорабинӣ сарфароз гардонида мешаванд. Соли гузашта намояндагони Тоҷикистон зинаи чоруми озмунро ишғол намуда буданд.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






