ОЗМУН БАРОИ ЖУРНАЛИСТОН

Ноябрь 25, 2008 08:58

         Душанбе,  25  ноябр. (АМИТ «Ховар», Мавзуна  Бойева). – Соҳаи  энергетикаи  Тоҷикистон  ҳар  сол  дар  натиҷаи  истифодаи  ғайриоқилонаи  қувваи  барқ ва  пурра  ҷамъ  накардани  пули қувваи  барқи  истифодашуда  зарари  калон  мебинад.  Энергетикҳо қарор  доданд, ки  таваҷҷӯҳи аҳли  ҷамъият ва  пеш  аз  ҳама  кормандони   воситаҳои  ахбори оммавиро  ба  ҳалли ин  проблема  ҷалб  намоянд. Ширкати  саҳомии  «Барқи  тоҷик»  бо ин  мақсад   дар  байни  рӯзноманигорон  ва  кормандони  ҳамаи  воситаҳои  ахбори оммавӣ  барои  беҳтар  инъикос  намудани  мавзӯи  сарфа  намудани  қувваи  барқ ва  сари  вақт  супурдани пули он озмун  эълон  кард. Котиби  матбуоти  ширкати «Барқи  тоҷик» Нозир  Ёдгорӣ  ба  мухбири  АМИТ «Ховар»  хабар  дод, ки  дар ин  озмуни  эҷодӣ ҳамаи  кормандони  рӯзномаҳо,  ҳафтаномаҳо,  агентиҳои  иттилоотӣ  ва  радиою  телевизион  иштирок  карда  метавонанд. Мақолаҳо  ба  озмун  аз  24  ноябри  соли  равон то 1  марти  соли  оянда  қабул  карда  мешаванд.  Натиҷаҳои  озмун   11  март   дар  Рӯзи  матбуоти  тоҷик  ҷамъбаст  карда  хоҳанд  шуд. Нозир  Ёдгорӣ   зикр  намуд, ки   барои  ғолибони озмун  се  мукофоти  пулӣ  таъсис   дода  шудааст.  Маблағи  мукофоти  якум 700 сомонӣ,  мукофоти  дуюм  500  сомонӣ  ва  мукофоти  сеюм  300  сомонӣ  мебошад. 

Ноябрь 25, 2008 08:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд