РӮЗИ ШУКРГУЗОРӢ ДАР ИМА 4 РӮЗ ҶАШН ГИРИФТА МЕШАВАД

Ноябрь 28, 2008 16:14

Душанбе, 28 ноябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Ҳамасола чаҳорумин панҷшанбеи моҳи ноябр дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико иди миллии Рӯзи шукргузорӣ таҷлил мегардад. Бино бар ривоятҳо, нахустин муҳоҷирони англис ба сарзамини Вирҷиния ва Баркли бо киштӣ омада, дар он ҷо мустақар мешаванд. Соли аввал онҳо аз сармои шадид ва норасоии маводи хӯрока азият мекашиданд ва аҳолии бумии он қаламрав — ҳиндуҳои Амрико ба кӯмакашон омада, бо худ маводи сӯхт ва ғизои мухталиф меоранд. Муҳоҷирони аврупоӣ аз гуруснагӣ ва марг наҷот ёфта, барои ёддошти меҳрубонӣ ва лутфи ҳиндуҳо ин рӯзро ҷашн мегиранд. Бо гузашти замон, ин ид ба маҳбубтарин иди аҳолии на танҳо Амрико, балки Канада низ мубаддал гашт ва расму оини вижаи худро касб намуд. Яке аз чунин одатҳо маъракаи авфи мурғи марҷон аз ҷониби сарвари кишвар ва паради Рӯзи шукргузорӣ мебошад. Дар ИМА ба муносибати ин рӯз аҳолии кишвар чаҳор рӯз таътил мекунанд. 

Ноябрь 28, 2008 16:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд