Р. АБДУЛАТИПОВ: «ДАР РОССИЯ БА МУҲОҶИРОНИ ТОҶИК КӮМАК МЕРАСОНАМ»

Ноябрь 12, 2008 16:03

               Душанбе, 12 ноябр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бойаҳмедова). — Имрӯз Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон сафири Федератсияи Россия дар Тоҷикистон Рамазон Абдулатиповро бинобар ба охир расидани ваколаташ ба ҳузур пазируфт ва барои хизматҳои арзанда ӯро бо ордени «Дӯстӣ» мукофотонид.             «Солҳои дар Тоҷикистон буданам корро аз амалӣ кардани созишномаҳое оғоз намудам, ки аз ҷониби Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2004 ба имзо расида буданд. Қариб ҳамаи созишномаҳо иҷро шудаанд»,- гуфт Рамазон Абдулатипов.             Ӯ дар бораи рушди соҳаи энергетика сухан ронда, аз ҷумла зикр намуд: «Имрӯз мо дар чанд самт корро идома дода истодаем. Бахусус, дар самти такмил додани роҳҳои бехатарии энергетикӣ ва ҳамкории энергетикӣ. Айни замон барои сохтмони 3 истгоҳи барқӣ дар Тоҷикистон созишномаҳо ба тасвиб расидаанд».            «Ман ҳамчун раиси Ассамблеяи халқҳои Россия ба муҳоҷирони кории тоҷик кӯмакамро дареғ намедорам. Аз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми тоҷик миннатдорам. Аз Тоҷикистон бо ордени сарисинагӣ меравам.   Ин мукофот подоши дӯстиҳои мост, мукофот ба тамоми Россия ва ҳар як нафарест, ки барои устувории муносиботи дӯстонаи халқи русу тоҷик кор мекунад»- илова намуд ӯ.

Ноябрь 12, 2008 16:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид