РАИСИ ХАТЛОНУ ШАҲРДОРИ КӮЛОБ КИТОБ ЧОП КАРДАНД

Ноябрь 28, 2008 08:30

           Кӯлоб, 28 ноябр. (АМИТ «Ховар», С. Холов).- Баъд аз чандин соли ба таъхир афтодан ахиран романи «Масъуди Сипаҳсолор»-и нависанда Сайид Раҳмон дар нашриёти «Эҷод»-и шаҳри Душанбе дар ҳаҷми 22 боб ва 600 саҳифа ба таъб расид. Китоби мазкур аз рӯзгори муҷоҳиддини дараи Панҷшер ва муборизаи қаҳрамононаи мардуми афғон бо сарварии машҳуртарин лашкаркаши охири асри 20 — Аҳмадшоҳи Масъуд ҳикоят мекунад. Ин китоб барои хонанда саҳифаҳои то ҳанӯз норӯшани корномаҳои Аҳмадшоҳро ҳамчун сипаҳсолори бузург ва зиндагиномаи ӯро ҳамчун як тан тоҷики хоксор ва ориёии бонангу ор рӯшан месозад.  Сайид Раҳмон барои эҷоди ин китоб ба зодгоҳи Масъуд сафар карда, бо хешону пайвандон ва ҳамяроқону зердастони ӯ сӯҳбат кардааст. Ба гуфтаи муаллиф, роман бо дастгирии молиявии раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Авзалов ва шаҳрдори Кӯлоб Ҳамид Абдуллоев ба таъб расидаст.

Ноябрь 28, 2008 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад