РОҲИ ОҲАНИ ЧИНУ ЭРОН ТАВАССУТИ ТОҶИКИСТОН
Зимни сафари дўстонаи худ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо Вазири корҳои хориҷии ин кишвар Манучеҳри Муттакӣ, Вазири дифоъ ва пуштибонӣ аз нерўҳои мусаллаҳ Мустафо Муҳаммади Наҷҷор ва Вазири нерў Парвизи Фаттоҳ низ мулоқотҳои судманд анҷом дода, тафсилоти ҳамкориҳои сиёсӣ, ҳарбӣ-техникӣ ва энергетикии ду кишварро мавриди баррасӣ қарор дод. Дар фароварди сафар ҳамчунин ду санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид: Баёнияи муштараки сарони ду давлат оид ба густариши муносибатҳои дуҷониба ва Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамлу нақл миёни Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати роҳу таробарии Ҷумҳурии Исломии Эрон. Сарони ду давлат — Эмомалӣ Раҳмон ва Маҳмуди Аҳмадинажод барои доираи васеи хабарнигорони дохилию хориҷӣ нишасти матбуотӣ ороста, аз натиҷаҳои сафар ва мулоқотҳо изҳори қаноатмандию хушнудӣ карданд. Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла таъкид дошт: — «Натиҷаҳои ин сафарро метавон бештар аз натиҷаҳои як сафари давлатӣ маънидод кард». Ба иттилои сарони ду давлат, ҳарду ҷониб тасмим гирифтаанд, ки баҳри сохтмони роҳи оҳани миёни Эрону Чин тавассути қаламрави Афқонистон, Тоҷикистон ва Қирқизистон ва ҳамчунин баҳрабардории муштарак аз захираҳои обию энергетикии минтақа мулоқотҳои сатҳи олии сеҷониба (Тоҷикистон-Афқонистон-Эрон) ва панҷҷониба ба роҳ бимонанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чаҳорчўби барномаи сафари дўстонааш ба Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамчунин аз ширкати азими мошинсозии САЙПА дидан карда, бо иқтидорҳои истеҳсолии он ва имконоти ба роҳ мондани ҳамкории дуҷониба аз наздик шинос шуд. Дар ин бора котиби матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфаттоҳ Шарифзода – телефонӣ аз шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон иттилоъ дод.








Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд






