РОНАНДАИ МОШИНИ РАҚАМИ ВР 5846 РТ 01 СӮИ СОКИНИ ДУШАНБЕ ТИР ХОЛӢ КАРД
Душанбе, 28 ноябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- Истиқоматкунандаи кӯчаи Алишери Навоӣ 15/2, ҳуҷраи 21, Анварбек Саидбекови 31-сола ба Раёсати корҳои ҷустуҷӯии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон омада, шикоят кард, ки 26-уми ноя6ри соли ҷорӣ соати 21-у 30 дақиқа шахси номаълум дар кӯчаи Сино, ронандаи автомашинаи «Ниссан — Максима» (ВР 5846 РТ 01) дар ҳолати мастӣ, аз ҳиссиёти авбошӣ ӯро дашномҳои қабеҳ дода, бо таппончаи тамғаи «Макаров» ба тарафаш тир холӣ карда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.Аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки дар натиҷаи корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ Нурулло Одинаеви 22-сола, истиқоматкунандаи кӯчаи Айнӣ 50, ҳуҷраи 59 ҷинояти мазкурро содир намудааст. Ҳангоми азназаргузаронӣ аз ӯ як таппончаи тамғаи «Макаров», 1 тирдон ва 4 тир мусодира карда шуд. Нисбати Нурулло Одинаев аз рӯи ду модда (авбошӣ ва ғайриқонунӣ нигоҳ доштани яроқ) парвандаи ҷиноӣ боз карда шуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






