САФАРИ ҚАРИБУЛВУҚӮЪИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА ЭРОН

Ноябрь 21, 2008 16:25

      Душанбе, 21 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Зимни сафари қарибулвуқӯъи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Исломии Эрон масъалаҳои муҳими тақвияти ҳамкории иқтисодию энергетикии ду кишвари дӯсту бародар мавриди баррасӣ қарор мегиранд», -гуфт зимни нишасти матбуотӣ Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиасғар Амир Шеърдӯст.       Роҳбарони воломақоми ду кишвари ҳамзабон дар Теҳрон дар қатори масъалаҳои тавсиаи ҳамкорӣ, ҳамчунин масъалаҳои вобаста ба авзои минтақа ва ҷаҳонро мавриди баррасӣ қарор хоҳанд дод.         Дипломати эронӣ зикр кард, ки ин дуюмин сафари Президенти Тоҷикистон ба Эрон дар соли равон мебошад. 

Ноябрь 21, 2008 16:25

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид