САФАРИ ТОҶИКИСТОНИЁН БА ҶИДДА БА ТАЪХИР ГУЗОШТА ШУД

Ноябрь 17, 2008 10:23

        Душанбе, 17 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова»).-Имрӯз баъд аз зуҳр гурӯҳи нахустини шаҳрвандони Тоҷикистон ҷиҳати адои яке аз рукнҳои мусулмонӣ — маросими ҳаҷ роҳ сӯи Арабистони Саудӣ пеш мегиранд.        Тибқи иттилои мудири шӯъбаи ҳаҷ ва зиёрати Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ Абдусалом Раҷабов,  гурӯҳи аввалини шаҳрвандони Тоҷикистон мебоист соати 9 –и субҳ тавассути хати сайри Душанбе –Ҷидда ба Арабистони Саудӣ сафар мекарданд, аммо бо сабабҳои гуногун парвози ҳавопаймо  ба таъхир гузошта шуд. Аз ин хотир,  сафари гурӯҳи аввалини шаҳрвандони  Тоҷикистон ба Ҷидда соати 14 –и зуҳр сурат мегирад. Тавре иттилоъ дода будем,  дар маросими «Ҳаҷ-2008» 5 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон тавофи хонаи Каъба менамоянд. Сафари онҳо ба 15 гурӯҳ тақсимбандӣ шуда, ҳар як гурӯҳ аз 360 нафар иборат аст. Маъракаи гусели шаҳрвандон ба Каъбатуллоҳ  дар Маркази исломии Тоҷикистон сурат мегирад.

Ноябрь 17, 2008 10:23

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид