САИД ШАРИФ: «ВАЗИФАИ ПАЛАТАИ САВДО ТАНЗИМИ МУНОСИБАТҲОИ СОҲИБКОРОН АСТ»
Душанбе, 26 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон муносибатҳои ҳамкории Худро бо ҳамтоёни хориҷӣ, аз ҷумла Федератсияи Россия, сол то сол беҳтар мекунад.Ҳоло миёни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия 109 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шудааст. Бино ба гуфтаи раиси Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ Саид Шариф яке аз вазифаҳои Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ ба вуҷуд овардани шароити мусоид барои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, танзими муносибатҳои соҳибкорон бо ҳамкасбони хориҷиашон мебошад. Айни замон Палата 370 аъзо дорад. Дар даҳ моҳи соли ҷорӣ Палата 68 ҳазор сертификати тавлиди молро тасдиқ карда, ба мизоҷон пешкаш намудааст. Дар ҳамкорӣ бо палатаҳои давлатҳои хориҷӣ зиёда аз 180 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шудааст, ки мақсад аз он ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон аст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






