САНКТ- ПЕТЕРБУРГ — МАРКАЗИ БАРГУЗОРИИ ЧОРАБИНИҲОИ БАЙНИПАРЛУМОНИИ ИДМ

Ноябрь 25, 2008 10:45

       Душанбе, 25 ноябр. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дар Санкт-Петербург, ки рӯзҳои охир ба маркази баргузории чорабиниҳои байнипарлумонии ИДМ табдил ёфтааст оид ба сиёсати бамувофиқарасидаи давлатҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии АврОсиё муҳокимаи парлумонӣ баргузор шуд.      Дар оғози ҳамоиш паёми шодбошии Раиси Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди иқтисодии АврОсиё, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев ба иштирокдорон фиристонида шуд.      Ҳамзамон, ҷаласаҳои Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ва Шӯрои Ассамблеяи парлумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ доир гардиданд, ки дар онҳо ҳайати парлумонии Тоҷикистон фаъолона ширкат варзид.     Тавре ёвари раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Шавкат Саидов аз шаҳри Санкт-Петербург ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, имрӯз ҷаласаи Бюрои Ассамблеяи Байнипарлумонии Иттиҳодии иқтисодии АврОсиё ба кори худ шурӯъ мекунад.

Ноябрь 25, 2008 10:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд