САРДОРИ МАТБУОТИ ХАДАМОТИ ГУМРУКИ ҶТ САХТ МАҶРУҲ ШУД

Ноябрь 27, 2008 09:59

         Душанбе, 27  ноябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда  Давлатзода). – Сардори  дафтари матбуоти  Хадамоти  гумруки  назди  Ҳукумати  ҷумҳурӣ  Абдурасул  Шарифов   шаби  24  ноябр  дар  кӯчаи  Бобоҷон  Ғафурови  ноҳияи  Исмоили  Сомонӣ  бар  асари  фалокати  нақлиёт  сахт  маҷрӯҳ  шуд. Муовини  сардори Хадамоти  гумруки  ҷумҳурӣ  Неъматбой  Раҳматов ба АМИТ «Ховар»  хабар  дод, ки  А.Шарифовро  зимни  гузаштан  аз  роҳ  мошини  сабукрави «ВАЗ – 21006» пахш  кардааст.  Онро ронанда Давронбек  Умурзоқов  идора мекард. А.Шарифов  фавран  ба  шифохонаи  ҷумҳуриявии  клиникии  ба  номи  Дяков  оварда шуд. Дар  натиҷаи  таҳқиқи  духтурон  муайян  карда  шуд, ки  косахонаи  сари   А.Шарифов  сахт  маҷрӯҳ  гардидааст. Духтурон  25  ноябр  ӯро  ҷарроҳӣ  намуданд. Бемор  айни  ҳол  дар  ҳолати  беҳушӣ  қарор   дорад. Духтурон хабар   доданд, ки  аҳволи  саломатии ӯ  ниҳоят  вазнин  мебошад.

Ноябрь 27, 2008 09:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад