САРВАРИ ДАВЛАТ АЛИ БОБОҶОНРО БА ҲУЗУР ПАЗИРУФТ

Ноябрь 27, 2008 09:02

        26 ноябри соли 2008 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Али Бобоҷонро ба ҳузур пазируфт.        Дар мулоқот масоили ҷорӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Туркия баррасӣ шуд.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи муносибатҳои ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карда, рушди бонизоми ҳамкориҳоро натиҷаи робитаҳои пайвастаи сарони ду давлат ва ҳавасмандии муштарак маънидод кард.Мусоҳибон аз болоравии мубодилоти молу маҳсулот изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид бар он доштанд, ки соли гузашта ҳаҷми он ба 550 миллион доллари амрикоӣ баробар шуд ва имсол ин нишондод аз ин ҳам зиёд хоҳад шуд. Ҳамчунин таъкид гардид, ки имрӯз наздики 50 корхонаю ширкатҳои туркӣ дар Тоҷикистон фаъолияти пурсамар доранд, аз ҷумла дар соҳаи сохтмону таҷдиди роҳҳои мошингард ва бунёди меҳмонхонаю марказҳои тиҷоратӣ.         Аз робитаҳои илмию фарҳангӣ ва таҳсилотӣ низ қаноатмандӣ зоҳир гардид.Дар мулоқот ҳамчунин атрофи муносибатҳои Тоҷикистону Туркия дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ, авзои кунунии минтақавӣ, рушди ҳамкориҳо дар Осиёи Марказӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷӯҳ гуфтугӯ сурат гирифт.       Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Сарвари давлат иттилоъ доданд. 

Ноябрь 27, 2008 09:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид