САРВАРИ ДАВЛАТ АННЕТ ДИКСОНРО БА ҲУЗУР ПАЗИРУФТ
25 ноябри соли 2008 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Директори минтақавии Бонки умумиҷаҳонӣ оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ Аннет Диксонро ба ҳузур пазируфт.Дар мулоқот масоили ҳамкорӣ бо Бонки умумиҷаҳонӣ ва дастгирии рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон баррасӣ шуд. Таваҷҷӯҳи зиёд ба нишондодҳои рушди макроиқтисодии Тоҷикистон, бартарафсозии оқибатҳои зимистони шадиди гузашта, омодагӣ ба зимистони имсола, рафти санҷиши махсуси фаъолияти Бонки Миллии Тоҷикистон, таъмини шаффофият дар фаъолияти ШСХК «Барқи тоҷик» ва КВД «Ширкати алюминийи тоҷик» зоҳир гардид. Аз рафти татбиқи Барномаи махсуси мушоҳидавӣ, ки зери назари Хазинаи байналмилалии асъор амалӣ мегардад ва иҷрои ӯҳдадориҳои ҷониби Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Ба гуфти Аннет Диксон, Бонки умумиҷаҳонӣ метавонад ҳамкории худро бо Тоҷикистон тавсиа дода, ҳаҷми маблағгузориҳоро барои дастгирии рушди иқтисодӣ ва бартарафсозии таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ афзун намояд. Мусоҳибон ҳамчунин оид ба дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳ гуфтугӯ намуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Сарвари давлат иттилоъ доданд.








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






