ШӮҲРАТИ ШОҲМОТБОЗОНИ ТОҶИК АФЗУНТАР МЕГАРДАД
Душанбе, 24 ноябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Дастаи мунтахаби мардонаи шоҳмотбозони Тоҷикистон дар даври ҳаштуми Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот зимни қувваозмоӣ бо дастаи Фаластин ғолиб омад. Ҳисоби умумии қувваозмоӣ 2,5 : 1,5 ба фоидаи шоҳмотбозони тоҷик мебошад. Вале дастаи мунтахаби занони шоҳмотбози Тоҷикистон дар қувваозмоӣ бо дастаи Кумитаи байналхалқии шоҳмотбозони маъюб бо ҳисоби 0,5 :3,5 мағлуб гардид. Ҳамин тариқ, дастаи мунтахаби мардонаи Тоҷикистон дар ҷадвали бозиҳои Олимпиада 15 зина боло баромад. Онҳо айни ҳол бо 18,5 хол ҷои 59 –умро ишғол мекунанд. Мавқеи дастаи мунтахаби занони шоҳмотбози тоҷик низ бо вуҷуди бохти охирини онҳо дар ҷадвали бозиҳо хеле беҳтар гардид. Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон айни ҳол бо 14,5 хол дар ҷадвали мусобиқа ҷои 81 –умро ишғол менамояд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






