ШӮЪБАИ ТАВАЛЛУД ДАР ШӮРОБОД, МАРКАЗИ САЛОМАТӢ ДАР ВАНҶУ ИШКОШИМ

Ноябрь 20, 2008 16:16

       Душанбе, 20 ноябр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). -Идораи сохтмони асосии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷкистон дар соли 2008 як қатор иншооти соҳаи тандурустиро бо таҷҳизоти зарурии тиббӣ ҷиҳозонида, мавриди истифода қарор дод.       Тавре маркази матбуоти Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар ин муддат Вазорати тандурустӣ сохтмони Маркази саломатии деҳаи Қизил-Юли ноҳияи Турсунзодаро бо маблағи умумии 574 ҳазор сомонӣ, таҷҳизот — 30 ҳазор сомонӣ, обтаъминкунии беморхонаи касалиҳои пӯсти ноҳияи Ҳисор ба маблағи умумии 200 ҳазор сомонӣ, азнавсозии бомҳои БМН Шаҳринав ба маблағи умумии 180 ҳазор сомонӣ ба роҳ монд.        Илова бар ин, соли равон Идораи сохтмони асосии Вазорати тандурустӣ тасмим гирифтааст, ки иншооти шӯъбаи таваллуди Беморхонаи марказии ноҳияи Шӯрободро барои 16 кат ва ду Маркази саломатиро дар ноҳияҳои Ванҷу Ишкошим мавриди истифода қарор диҳад.

Ноябрь 20, 2008 16:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад