ШАҲРВАНДИ ФАХРИИ ШАҲРИ ХУҶАНД 75-СОЛА ШУД

Ноябрь 11, 2008 16:58

              Хуҷанд, 11 ноябр. (АМИТ «Ховар», Самад Юсуфӣ). — Дар толори Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ 75-солагии олим, мунаққид, адабиётшинос, доктори илмҳои филологӣ Атахон Сайфуллоев таҷлил карда шуд. Ҷонишини раиси вилояти Суғд Ваҳҳоб Набиев табрикномаи раиси вилоятро қироат намуд. Соҳибҷашн -Атахон Сайфуллоев бо қарори раиси шаҳри Хуҷанд «Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд» дониста шуд. Ин қарорро ҷонишини раиси шаҳр Домуллоҷон Ҷабборов қироат намуд. Баъдан, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Меҳмон Бахтӣ, нависанда Абдулҳамид Самадов, адабиётшинос Абдураҳмони Абдуманнон бо табрикоти пурмӯҳтаво ба соҳибҷашн медали Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон — «Нишони сухан»-ро супориданд.

Ноябрь 11, 2008 16:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид