ШАБАКАИ НАВ ДАР МАВҶИ 106,5 FM

Ноябрь 4, 2008 15:49

                  Душанбе, 3 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). — Фазои иттилоотии Тоҷикистонро боз як шабакаи нави радио пурра месозад. 5 ноябри соли равон дар мавҷи 106,5 FM радиои «Фарҳанг» ба фаъолият шурӯъ мекунад. Радиои мазкур баъди радиоҳои «Тоҷикистон», «Садои Душанбе», «Овози Тоҷик» чаҳорумин шабакаи давлатии радиоӣ буда, минбари аҳли фарҳангу зиёиёни тоҷик хоҳад буд. Радиои мазкур бо дастгирии Кумитаи телевизион ва радио таъсис ёфта, аз сиёсати фарҳангдӯстонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иқдоми Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар баробари таҷлили 1150-солагии устод Рӯдакӣ ва Соли бузургдошти забони тоҷикӣ эълон гардидани соли 2008, мебошад. Тӯли 24 соат гуфтору барномаҳо, гузоришу мусоҳибаҳо бо олимону донишмандон ва ҳунармандону адибон пешниҳоди шунавандагон гардида, баъди ҳар 3 соат ахбори фарҳангӣ садо медиҳад.                   Радиои «Фарҳанг» натанҳо муаррифгари таъриху адабиёту фарҳанг ва ҳунармандони ақвоми ориёӣ, балки тамоми халқҳои сайёра мебошад. Барномаҳои «Меҳрнома», «Авесто», «Рози суфӣ», «Тозанашр», «Асрори коинот», «Сафои шеър», «Сӯҳбати соҳибдилон», «Ахтарони адаб», «Тафсири Табарӣ», «Луғатнома», «Таронаҳои қарни XX», «Ғалат мегӯем», «Тибби Шарқ», «Чеҳраҳои намоёни таърих» теъдоде аз гуфтору барномаҳое мебошанд, ки тариқи шабакаи «Фарҳанг» садо медиҳанд.

Ноябрь 4, 2008 15:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид