ШАРИФХОН САМИЕВ РЕҶАИ БАРҚРО КАМ КАРДУ СУПОРИШИ МУШАХХАС ДОД
Душанбе, 7 ноябр (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева).- Тавре аз маркази матбуоти «Барқи Тоҷик» хабар доданд, мутобиқи дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ШСХК «Барқи тоҷик» интиқоли барқро ба аҳолӣ як соат зиёд намуд. Акнун дар маҳаллаҳое, ки барқ аз рӯи меъёр дода мешавад, каме тағйирот ворид гардид. Интиқоли нерӯи барқ барои пагоҳӣ чун пештара — аз соати 6.00 то 9.00 боқӣ монд. Бегоҳӣ, ки он аз соати 18 то 21 муқаррар гашта аст, ба соати аз 18.30 то 21.30 иваз шуд. Хотиррасон мекунем, ки алҳол дар Душанбе. ва дигар шаҳру вилоятҳое, ки сокинонашон дар биноҳои баландошёна истиқомат доранд, барқ ба таври доимӣ дода мешавад. Марказҳои танзими барқ ва шабакаҳои барқӣ барои таъмину танзими ҳатмии меъёр аз ҷониби раиси ШСХК «Барқи тоҷик» Шарифхон Самиев супориши мушаххас гирифтаанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






