ШАРТНОМАҲОИ «ТОҶИКХОРИҶАКОР» БО ДАВЛАТҲОИ ХОРИҶ БА 42 АДАД РАСИДААСТ
Душанбе, 18 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод). – Дар давоми нӯҳ моҳи соли ҷорӣ зиёда аз 70 ташкилоту муассисаи хориҷӣ барои кор ба Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикхориҷакор» — и Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дархост фиристодаанд. Шумораи шартномаҳои амалкунандаи корхона бо давлатҳои хориҷ то имрӯз ба 42 адад расидааст. Дар давоми соли ҷорӣ Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикхориҷакор» зиёда аз 3 ҳазор шаҳрвандро қабул намуда, оид ба пайдо кардани кор дар хориҷи кишвар маслиҳатҳо дода, ҷойҳои кори холии мавҷударо ба онҳо пешниҳод намуд. Новобаста аз он, ки масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ ба зиммаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон вогузор шудааст, дар корхонаи мазкур 970 нафар шаҳрванд номнавис шудаанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






