ШИР КАМЧИН КИ ҲАСТ, ОЛИМОН ГОВҲОИ СЕРШИР БА ВУҶУД ОВАРДАНД

Ноябрь 13, 2008 15:56

                     Душанбе, 13 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар Пажӯҳишгоҳи чорводорӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки оид ба такмили сифати ирсию маҳсулнокии говҳои зоти сергӯшт барои такрористеҳсолкунӣ 596 сар модагови хушзот ва 332 сар гӯсолаи такмилёбанда вобаста ба зоташон дар 16 подаи чорвои зотӣ парвариш меёбанд.                    Дар гурӯҳҳои таҷрибавии селексионӣ бақайдгирии наслҳо гузаронида шуд. Аз ҳар сад сар модагов 55 сар гӯсола гирифта шуд. Бо такмил додани ҷинси тоҷикии говҳои зоти сиёҳало ва дурагаи голштинӣ, насли голштинӣ аз рӯи хусусиятҳои ширдиҳӣ равғаннокии шир ва шакли пистонро дар худ нигоҳ доштанд.                   Дурагаҳои аз зоти шветсии селексияи амрикоӣ гирифташуда нисбат ба зоти модариашон серширтар, равғаннокии ширашон баландтар, шакл ва сохти пистонашон ҳам беҳтар аст.

Ноябрь 13, 2008 15:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад