ШСХ «БАРҚИ ТОҶИК» 101,1 МЛН. СОМОНӢ ҚАРЗДОР ШУДААСТ
Душанбе, 29 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тавре аз Шӯъбаи робита бо ВАО ва протоколи Кумитаи андози назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, қарзи ШСХ «Барқи тоҷик» дар назди нозироти андози андозсупорандагони калони Кумитаи андози назди Ҳукумати ҷумҳурӣ то 1-уми ноябри соли ҷорӣ 101,1 млн. сомониро ташкил медиҳад. Ин шумора ба 63,5 фоизи қарзи корхонаҳои тобеи нозироти андози андозсупорандагони калони назди Ҳукумати ҷумҳурӣ баробар аст. Бақияи қарзи андози ширкати «Барқи тоҷик» нисбат ба 1-уми январи соли 2008 ба маблағи 32 млн. сомонӣ зиёд гардидааст. Дар маҷмӯъ, бақияи қарзи андози корхонаҳои тобеи назорати андози андозсупорандагони калон то 1-уми ноябри соли 2008 бо назардошти андози иҷтимоӣ 175,9 млн. сомониро ташкил медиҳад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






