СОҲИБКОРОН ҒАЙР АЗ АНДОЗИ ИҶТИМОӢ АЗ ҲАМА НАМУДИ АНДОЗ ОЗОДАНД

Ноябрь 17, 2008 16:55

        Душанбе, 17 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат  Диловарзод). – Бино  ба гуфтаи  ҷонишини  вазири  рушди  иқтисод  ва  савдо  Амонулло Ашӯр, ба  қарибӣ  дар шаҳри Кӯлоби  вилояти  Хатлон ва  ноҳияи  Ишкошими  вилояти Мухтори Кӯҳистони  Бадахшон  боз  ду  минтақаи  озоди  иқтисодӣ  таъсис  дода  мешавад.         Маҷлиси  намояндагони  Маҷлиси  Олии  кишвар  Низомномаи  минтақаҳои  озоди  иқтисодиро  дар  ҷумҳури   ба  имзо  расонд. Тибқи  Низомномаи  мазкур,  аллакай  минтақаи  иқтисодии  «Суғд» дар шаҳри  Хуҷанд  ва  минтақаи  озоди  иқтисодӣ  дар  минтақаи  Панҷ дар  ноҳияи  Қумсангири  вилояти  Хатлон  таъсис  дода шудааст. Дар  минтақаҳои  озоди  иқтисодӣ  соҳибкорон  ғайр аз   андози  иҷтимоӣ  дигар  аз  ҳама  намуди  андоз  озод  мебошанд. Ин тадбир   ба  зиёд  истеҳсол  шудани  маҳсулот ва арзонии нарх мусоидат мекунад.   

Ноябрь 17, 2008 16:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид