СОҲИБКОРОНИ ХУРДУ МИЁНА МАРДУМРО АЗ КАМБИЗОАТӢ МЕРАҲОНАНД ?
Душанбе, 24 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод). — Дар Бонки миллии ҷумҳурӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки татбиқи Барномаи рушди низоми маблағгузории хурд бо дастгирии соҳибкорони хурду миёна анҷом ёфт. Дар давоми 4 соли давраи татбиқшавии барнома аз ҷониби 14 ташкилоти қарздиҳанда ба 5 ҳазору 383 оила 10 млн. 371 ҳазор сомонӣ қарзҳои хурд дода шудааст. Бо мусоидати ин барнома 4 ҳазору 300 ҷойи нави корӣ муҳайё гашт. Қарзҳои хурд асосан барои ташкили корҳои истеҳсолӣ, кишоварзӣ ва тиҷоратӣ дода шудаанд, ки ба болоравии сатҳи зиндагии табақаи камбизоати аҳолӣ мусоидат менамоянд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






