СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИИ ИДМ ТО СОЛИ 2020 ТАСДИҚ ШУД
Душанбе, 17 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар фарҷоми ҷаласаи навбатии Шӯрои роҳбарони ҳукуматҳои кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Стратегияи рушди иқтисодии кишварҳои ИДМ то соли 2020 тасдиқ гардид. Ба ин санади муҳим роҳбарони ҳукуматҳои давлатҳои ИДМ, ки дар Кишинёв -пойтахти Молдова ҷамъ омада буданд, имзо гузоштанд. Ин ҳуҷҷат моҳи октябри соли равон дар Саммити Сарони давлатҳои ИДМ, ки дар Бишкек баргузор гардид, аз ҷониби сарони кишварҳои ИДМ маъқул дониста шуда буд. Дар ҷаласа ҳамчунин роҳбарони ҳукуматҳои кишварҳои ИДМ масъалаҳои фаъолияти ИДМ –ро дар самти мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ баррасӣ намуда, Конвентсия оид ба мақоми ҳуқуқии муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳоро қабул намуданд. Ҷаласаи ояндаи Шӯрои роҳбарони ҳукуматҳои ИДМ соли 2009 дар пойтахти Қазоқистон –шаҳри Остона гузаронида мешавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






