СУХАНРОНИИ Э. РАҲМОН ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӣ ОИД БА МАБЛАЃГУЗОРИИ РУШД

Ноябрь 29, 2008 21:05

         Бегоҳии рўзи 28 ноябр дар пойтахти Давлати Ќатар – шаҳри Давҳа  Саммити ѓайрирасмии Созмони Милали Муттаҳид оид ба баррасии масъалаҳои вобаста ба бўҳрони ҷаҳонии молиявӣ баргузор гашт, ки дар муҳокимарониҳои он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ иштироки фаъол намуд.Бояд тазаккур дод, ки мулоќоти мазкури ѓайрирасмӣ ќабл аз Конфронси байналмилалӣ  оид ба маблаѓгузории рушд баргузор гашта, як навъ омодагӣ ба он буд.Баҳри иштирок дар  Конфронси байналмилалӣ  оид ба маблаѓгузории рушд, ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид, Хазинаи байналмилалии асъор, Бонки ҷаҳонӣ ва Созмони умумиҷаҳонии савдо ташкил карда шудааст, Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун, намояндагони беш аз 100 давлат ва даҳҳо созмонҳои байналмилаӣ ба Давлати Ќатар ташриф овардаанд. Бештар аз 30 давлати ҷаҳонро дар ин конфронс бевосита роҳбарони аввали онҳо намояндагӣ мекунанд.Конфронси байналмилалӣ  оид ба маблаѓгузории рушд субҳи рўзи 29 ноябр ба кори худ шурўъ намуд.Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон яке аз аввалинҳо шуда дар он суханронӣ намуд ва нахуст ба созмондиҳандагони ин ҳамоиши муҳими байналмилалӣ арзи сипосу миннатдорӣ кард.           Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон «бо вуҷуди таъсири манфии бўҳрони ҷаҳонии молиявӣ кишварҳои пешрафта бояд садоќати худро ба афзалиятҳои Консенсуси Монтеррей собит намуда, кўшишҳои паст кардани тафовути байни кишварҳои мутараќќӣ ва кишварҳои рў ба инкишоф ва бартарфсозии рушди нобаробари онҳоро идома диҳанд».         Эмомалӣ Раҳмон сохтмони нерўгоҳи обии Роѓун ва як ќатор нерўгоҳҳои дигари обию ҳароратии барќиро аз самтҳои асосии фаъолияти давлати Тоҷикистон баҳри таъмини рушди бонизоми иќтисодиёти кишвар маънидод карда, таъкид дошт, ки дар сурати дастгирии кишварҳою созмонҳои мадарасон аз татбиќи босамари ин наќшаҳо содироти зиёда аз 25 миллиард киловатт/соат ќувваи барќ ба Покистон, Афѓонистон, Эрон, Ҳиндустон ва дигар минтаќаҳо дар ояндаи наздик имконпазир мегардад ва ин саҳми намоёни Тоҷикистон дар амалӣ намудани Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола хоҳад буд.          Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бартарафсозии монеаҳои тиҷоратӣ ва рушди савдо, бунёди роҳҳои оҳану мошингарди минтаќавӣ, болобарии иќтидори транзитии Осиёи Марказӣ ва пайвастани онро ба бандарҳои Халиҷи Форс ва Уќёнуси Ҳинд низ  аз роҳҳои коҳиш додани таъсири манфии бўҳрони ҷаҳонии молиявӣ ба ин минтаќа арзёбӣ намуда, мусоидати кишварҳои пешрафта ва  ниҳодҳои мададрасони байналмилалиро ба ҳалли ин масоил матлуб маънидод кард.         Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон, «кишварҳои рў ба тараќќӣ бояд дорои имконияти таъсиррасонӣ  ба ќабули ќарорҳои созмонҳои байналмилаӣ роҷеъ ба масъалаҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва рушди иќтисодӣ бошанд ва дар идоракунии онҳо низ саҳми сазовор гирифта тавонанд».           Дар охири суханронӣ Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор намуд: -«Имрўз мо ќодирем, ки ҷаҳонро беҳтар созем ва ба бовариву эътимоди халќҳоямон сазовор гардем». 

Ноябрь 29, 2008 21:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад