СУРЪАТИ МАБЛАҒГУЗОРӢ МИЁНИ КИШВАРҲОИ ИДМ ДАР ТОҶИКИСТОН ТЕЗТАР АСТ

Ноябрь 13, 2008 16:11

                Душанбе, 13 ноябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Миёни кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил суръати баландтарини маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Дар ин хусус сомонаи интернетии Кумитаи омори ИДМ иттилоъ додааст.              Дар моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ ҳаҷми чунин намуди маблағгузорӣ дар Тоҷикистон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 77,5 дарсад афзудааст, ки 70 дарсади онро маблағгузориҳои хориҷӣ ташкил медиҳанд.               Хабар дода мешавад, ки чунин афзоиш дар Тоҷикистон аз ҳисоби сармоягузориҳо ба сохтмони нерӯгоҳҳои барқӣ ба амал омадааст. Ин нишондиҳанда дар Озарбойҷон ба 38, Белорус — 23, Ӯзбекистон — 19, Россия — 13,1, Арманистон — 12, Молдова — 9 ва Украинаву Қазоқистон ба 8,2 баробар аст.             Лозим ба ёдоварист, ки то 1-уми октябри соли ҷорӣ сабади лоиҳаҳои инвеститсионии мамлакат аз 53 лоиҳаи алоҳида иборат буда, маблағи умумии он зиёда аз 5,1 миллиард сомониро ташкил медиҳад.            Таркиби сабади лоиҳаҳои инвеститсионии давлатӣ зиёда аз 17 соҳаи мухталифи хоҷагии халқро дар бар гирифта, 74,8 фоиз маблағҳои қарзӣ, 13,5 фоиз маблағҳои грантӣ, 11,7 фоиз ҳиссаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷамоатҳо мебошад. 

Ноябрь 13, 2008 16:11

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид