ТӮҲФА БА МАҲБУСОНИ НОБОЛИҒ
Душанбе, 24 ноябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).- Кормандони Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ чанд рӯз пеш ба муассисаи ислоҳи меҳнатии маҳбусони ноболиғи рақами 1 — уми шаҳри Душанбе рафта, бо шароити зиндагии маҳбусони ноболиғ шинос гардиданд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки кормандони кумита мунтазам тадбирҳои хайрия гузаронида, ба хонаҳои бачагон мераванд ва бо фаъолияти муассисаҳои адои ҷазо шинос мегарданд. Натиҷаҳои пурсиш нишон медиҳанд, ки яке аз сабабҳои асосии содир шудани ҷиноят дар байни ноболиғон надонистани қонун, шароити вазнини зиндагӣ ва аз мактаб дур шудани бачагон мебошад.Дар натиҷаи мулоқот маълум гардид, ки баробари масъалаҳои дигари ҳалталаби фаъолияти муассисаи мазкур дар он китоб намерасад. Кормандони кумита ба муассиса теъдоди зиёди адабиёти бадеӣ ва асбобу анҷоми варзиш тӯҳфа карданд. Мулоқоти мазкур ҳамроҳи кормандони Раёсати корҳои ислоҳи меҳнатии Вазорати адлияи ҷумҳурӣ гузаронида шуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






