ТАҲРЕЗИИ ФАЪОЛИЯТИ САНҶИШГОҲҲОИ СЕРОЛОГӢ (RW)
Душанбе, 28 ноябр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- 28 — уми ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои пўст ва узвҳои таносули Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тарҳрезии фаъолияти санҷишгоҳҳои серологӣ (RW) мизи мудаввар баргузор мегардад. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ хабар доданд, мизи мудаввар тибқи дастуру супоришҳои Президенти мамлакат гузаронида мешавад, ки 25 — уми ноябри соли 2008 дар вохўрӣ бо кормандони тиби кишвар дар Донишгоҳи Давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абўалӣ ибни Сино барои солҳои 2008 – 2009 дода буд. Дар он мутахассисони соҳаи тандурустии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иштирок менамоянд. Инчунин, оид ба мубориза бо паҳншавии вируси норасоии масъунияти бадан ва бемории СПИД дар ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2007-2010, баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, алалхусус нисбати санҷиши хун дар санҷишгоҳҳои серологии кишвар, пурзӯр намудани базаи моддию техникии санҷишгоҳҳои серологии мамлакат, таҳким бахшидани тарзи хизматрасонии тиббии хайрхоҳона ба ҷавонон ва дар якҷоягӣ бо Маркази ҷумҳуриявии илмии хун ва пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқоти тиббӣ – профилактикӣ ва сохторҳои соҳа ба роҳ мондани усулҳои ҳозиразамони санҷишҳои хун як қатор чорабиниҳо гузаронида мешаванд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд






