ТАҶЛИЛИ РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯ БО САЙРУГАШТИ ИДОНА
Душанбе, 5 ноябр. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 6 ноябр дар ҷумҳурӣ Рӯзи Конститутсия (Сарқонуни асосии кишвар) таҷлил карда мешавад. Дар асоси қарори ба имзо расонидаи раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, дар Боғҳои фарҳангу фароғатии ба номи С. Айнӣ, «Дӯстии халқҳо», «Кӯли комсомол» ва Майдони 800-солагии пойтахт маъракаи сайру гашти идона ва фурӯши маҳсулоти кулчагию қаннодӣ ташкил карда мешавад. Дастаҳои ҳунарии «Гулшан», «Зебо», «Сомон» бо барномаҳои ҷолиби консертӣ ба базмгоҳҳо шукӯҳи тоза мебахшанд. Тибқи иттилои котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов, бахшида ба таҷлили Рӯзи Конститутсия дар тамоми муассисаҳои маорифи пойтахт, хусусан дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии шаҳри Душанбе дарсҳои тематикӣ, вохӯрию сӯҳбат доир ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд. Ҳамзамон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо роҳбарони ташкилоту идораҳои марбутаи пойтахт дар арафи Рӯзи Конститутсия ба мактаб-парваришгоҳҳо, маъюбон, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ кӯмакҳои хайриявӣ расонид.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






