ТАДБИРҲОИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ БА ҚОНУН ТАЪСИР НАКАРДАНД
Душанбе, 25 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод). — Бино ба гуфтаи мудири шӯъбаи сиёсати нафақаи Раёсати муносибатҳои меҳнатии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мӯътабархон Камолова, вазорати мазкур бо мақсади ба талаботи рӯз мутобиқ сохтани Қонуни амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба 52 моддаи қонуни номбурда иловаҳо ворид намуд. 49 моддаи дигари онро куллан тағйир дода, 7 моддаро аз нав таҳрир ва 4 моддаро аз қонун хориҷ кард. Ин тадбирҳо ҳам қонуни номбурдаро ҷавобгӯӣ талаботи рӯз гардонида натавонистанд. Ба ақидаи М. Комилова, шартҳои системаи амалкунандаи ҳифзи иҷтимоӣ ба таҷдиди назар ва мутобиқгардонӣ ба вазъи иқтисодии муосир ниёз доранд.








Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид






