ТАФОҲУМНОМАИ ВАО ВА МАРКАЗҲОИ МАТБУОТӢ БА МНМО ИРСОЛ ГАРДИД

Ноябрь 19, 2008 11:52

       Душанбе, 19 ноябр. (АМИТ «Ховар», Дилшода Ҷонмардова). — Мактаби мустақили рўзноманигории «Тоҷикистон – асри XXI» амалисозии лоиҳаи «Дастрасӣ ба иттилоот: ҳамкорӣ ва шаффофият»-ро ба анҷом расонид.        Тибқи иттилои сарвари Мактаби рўзноманигорӣ Сафо Сафаров, мақсади асосии тарҳи мазкур баланд бардоштани сатҳи касбият ва ба роҳ мондани ҳамкории самарабахши кормандони расонаҳои хабарӣ ва марказҳои матбуотии мақомоти ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.        Ба гуфтаи сарчашма, ин лоиҳа тўли 6 моҳ амалӣ гардида, зимнан се мизи мудаввари «Ҳамкории ВАО ва марказҳои матбуотӣ: дастовардҳо ва дурнамо», ҳамчунин силсилаи давраҳои омўзишӣ барои 40 нафар рўзноманигорон ва котибони матбуотӣ гузаронида шуд.       — Дар чорабиниҳои лоиҳавӣ намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ, масъулини марказҳои матбуотии сохторҳои давлатӣ, парлумон ва додгоҳ, кормандони ВАО ва созмонҳои журналистӣ, инчунин, ташкилотҳои ҷамъиятию байналмилалӣ ширкат варзиданд. Аз рўи натоиҷи мизҳои мудаввар «Ёддошти тафоҳум» миёни кормандони марказҳои матбуотии мақомоти давлатӣ ва ВАО-и кишвар ба имзо расида, ҷиҳати омўзишу баррасӣ ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ ирсол карда шуд,- афзуд С. Сафаров.

Ноябрь 19, 2008 11:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид